Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Гулмаҳмадзода Д.Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1454

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ            

аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд   10 январи соли 1961   Ҷои таваллуд   ноҳияи Данғара

Миллат     тоҷик                                      Маълумот      олӣ

соли 1987 Донишкадаи  муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкент,

соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст

 

Ихтисос    муҳандис-заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод

Кадом забонҳои хориҷиро медонад    русӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили халқ ҳаст ё не  узви Маҷлиси миллии МО ҶТ, вакили МВХ вилояти Хатлон

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – соли 2006  ордени «Шараф» дараҷаи I

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1978-1980Коргари совхози Ленини ноҳияи ДанғараСолҳои 1980-1982Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳри Қазон, шаҳри Перм, РоссияСолҳои 1982-1987Донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи ТошкентСолҳои 1987-1989Сармуҳандис-заминсози ноҳияи КомсомолободСолҳои 1989-1993Раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи ДанғараСолҳои 1993-1995Раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти ХатлонСолҳои 1995-2000Муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри ДушанбеСолҳои 2000-2001Раиси Кумитаи захираҳои замин  ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри ДушанбеСолҳои 2001-2006Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри ДушанбеСолҳои 2006-2008Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонСолҳои 2008-2010Муовини раиси вилояти СуғдСолҳои 2010-2013Раиси шаҳри ТурсунзодаСолҳои 2013-2019Раиси вилояти Хатлоназ январи соли 2019 то имрӯзРаиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Исматуллозода Ш.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

1. Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1455

ИСМАТУЛЛОЗОДА Ширин Исматулло

аз сентябри  соли 2015 дар вазифаи  директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кор мекунад.

 

Соли таваллуд  14 марти соли 1970              Ҷойи таваллуд  ноҳияи  Ҳисор

Миллат   тоҷик                                                 Таҳсилот    олӣ

Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистон (рӯзона),

соли  2011  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  (ғоибона)   хатм кардааст

Ихтисос  забоншинос, ҳуқуқшинос

Унвони илмӣ    доктори илми филология

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ

Вакили Маҷлиси вакилони  халқ ҳаст ё не    не

Бо  мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  не

Вазъи оилавӣ  оиладор

 

Кор ва фаъолияти  собиқа:

Солҳои 1987-1992Донишҷӯи   факултети филологияи тоҷики  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.ЛенинСолҳои 1992-1994Коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии ТоҷикистонСолҳои 1994-1997Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии ТоҷикистонСолҳои 1997-2000Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии ТоҷикистонСолҳои 2000-2006Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии ТоҷикистонСолҳои 2006-2009Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи  миллии ТоҷикистонСолҳои 2009 -2012Сардори Раёсати  илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии ТоҷикистонСолҳои 2012 -2014Директори Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  ТоҷикистонСолҳои  2014-2015Муовини  ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С.УлуғзодаАз снтябри соли 2015 то имрӯзДиректори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон озод намудани Мамадшоев Д.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Мамадшоев Давлатшо Силтоннаҷотович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1456

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи
Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
таъин намудани Назаршозода Л.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назаршозода Лоиқ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
14 феврали соли 2020
№1457

НАЗАРШОЗОДА  Лоиқ   

 

аз 30 январи  соли 2019 дар мансаби Сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд 29 ноябри соли 1971           Ҷои таваллуд ноҳияи Роштқалъа

Миллат   тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

соли 1999 Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.

Ихтисос  иқтисодчӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ  оиладор

      Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989 – 1990Коргари совхози Октябри ноҳияи РоштқалъаСолҳои 1990 – 1992Хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, шаҳри Армавири ФРСолҳои 1992 – 1993Муаллими тайёри ҳарбии ибтидоии мактабӣ миёнаи № 81 ноҳияи РоштқалъаСолҳои 1993 – 1998Сариқтисодчии раёсати хоҷагии қишлоқи ноҳияи РоштқалъаСолҳои 1999 – 2001Иқтисодчии таваллудхонаи № 2 шаҳри ДушанбеСолҳои 2009 – 2010Мутахассиси пешбари шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри ДушанбеСолҳои 2010 – 2014Сармутахассиси шӯъбаи дурнамои раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии ТоҷикистонСолҳои 2014-2015Сармутахассиси раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика  ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонСолҳои 2015-2019

 

Муовини сардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии ТоҷикистонАз 30 январи соли 2019 то имрӯзСардори раёсати иқтисод ва дурнамои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон