Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ телефонӣ ҳисобот доданд

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросон телефонӣ ҳисобот доданд.

Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир шуниданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд намоянд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Сарвари давлат дастур доданд, ки вобаста ба вазъи фавқулоддаи боду ҳаво барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.

Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ дода шуд.