Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 13.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат президентҳо як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно хеле ҳам муташанниҷ боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки ҷиҳати паст кардани хатари паҳншавии пандемияи «КОВИД-19» дар ду кишвар андешида мешаванд, мубодилаи иттилоъ анҷом доданд.

Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон аҳамияти суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тандурустӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Россия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд.

Дар баробари ин идомаи шарикии самарабахши ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифтанд.