Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарвариро дар ҶДММ «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.

Тибқи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов, ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад.

Моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳомии «Моҳии тоҷик»- и вилояти Суғд дастрас гардиданд. Дар кӯлҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Даромад аз фурӯши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Дар ҳудуди хоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 га боғҳои меваҳои гуногун, заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хӯроки моҳӣ ташкил карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони ҷамъият барои ташкили дурусти кор, рушд додани соҳаҳои моҳипарварӣ ва боғдорӣ, ки аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ ба шумор мераванд, дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.