Шуъбаи филмҳои миллӣ


Шуъбаи филмҳои миллӣ пеш аз ҳама барои таҳияи филмҳои гуногунжанр вазифадор буда, ҳамчунин барномаҳои гуногуни телевизионӣ омода менамояд. Ҷамъоварӣ, захира, коркард ва нигоҳдории филмҳои миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои оинномавии шуъбаи мазкур мебошанд. Барои амалӣ гардонидани ин вазифаҳо шуъба ҳадафҳои зеринро ба амал бароварда, барои таҳияи барномаҳои телевизионӣ шароити эҷодию истеҳсолиро таъмин менамояд. Шуъба инчунин иштироки аҳли эҷоду ҳунар ва ҷавононро дар барномаҳоро ба нақша гирифта, сатҳи баланди ғоявию бадеии намоишҳоро таъмин  мекунад. Дар баробари таҳияи новелла ва филмҳои гуногунжанр ҳайати эҷодии шуъба лоиҳаҳои ҷолиби телевизионӣ, аз ҷумла
“1001 андеша”
“Ру ба нур”
“Ситораҳои синамо”
“Сазовор”
“Дурахши ҳунар”

ва “Зина ба зина”-ро пешниҳод менамоянд. Роҳбарии шуъбаро яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи телевизион-Дилхоҳи Нозиршо бар зимма дорад ва ҳамроҳи ў журналистони варзида Ғайратшоҳи Аҳмадзод, Талабшо Муқимов, Насиба Бозорова ва як гурўҳ ҷавонони соҳибистеъдод фаъолият доранд.