варзиш

«Манчестер Юнайтед» ғолиби Ҷоми Англия гардид

Дастаи  футболи«Манчестер Юнайтед» баъд аз мушкилию нокомиҳои тӯлонӣ дар мусобиқоти Примйер Лигаи Англия, билохира табъи сармураббии ҳолландии худ Луи Ван Гал ва кулли мухлисонашонро шод намуд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Англия тимҳои футболи «Манчестер Юнайтед» ва «Кристалл Пелас» хеле ҷолибу ҷозиб бо ҳам неру озмуданд ва дар ниҳоят ҷоизаи асосӣ насиби дастаи «Манчестер Юнайтед» гардид.

Варзишгарони тоҷик аз Ӯзбакистон бо 12 медал баргаштанд

Дар мусобиқа ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати навҷавонону духтарон гӯштингирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони тоҷик Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Варзишгарони тоҷик ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар карданд

Дар мусобиқоти Grand-Prix оид ба дзюдо дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Тоҷикистонро чор варзишгар намояндагӣ мекунад. Нурулло Лоиқов, раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки барои иштирок дар ин сабқат Фарҳод Раҳимов дар вазни 81 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило ширкат меварзанд.

Дар Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи юнону румӣ оғоз ёфт

11 май дар Душанбе миёни наврасон мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда, дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки варзиш таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқҳо ва пеш аз ҳама, кафили саломатист.

Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма - Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.