Чеҳраҳо

Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло

Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло
Аминзода Сайдаҳмади Қудратулло 5- уми марти соли 1992 дар ҷамоати деҳоти Баҳори деҳаи Мачитон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаааст. Соли 2009 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 38 шаҳри Ваҳдатро хатм намудааст. 
Аз соли 2008 то соли 2012 ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи ширкати Care Internetional фаолият намуда , ҳамзамон солҳои 2009-2013 дар Донишкадаи соҳибкори ва хизмат дар факултаи Молия ва қарз бо тахассуси молия ва қарз дар фаъолияти соҳибкорӣ таҳсил намудааст. 

Муҳаммадраҷаби Ҳанафия

Муҳаммадраҷаби Ҳанафия 
Муҳаммадраҷаби Ҳанафия баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти эҷодиро соли 1997 ба ҳайси муҳаррир дар радиои Тоҷикистон оғоз намуда, соли 1998 ба Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба Идораи барномаҳои иқтисодӣ ба кор даъват гардидааст. 

Малоҳати Абдулло

Малоҳати Абдулло 
Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ (1999), барандаи Ҷоизаи ҷавонони Тоҷикистон (2002), дорандаи нишони “Хизмати шоиста”, актриссаи театр ва кино, коргардони дубляж. Аз соли 2010 дар маркази продюсерии «Ҳамсадо» фаъолияти коргардонияшро оғоз кардааст. Ҳамчунин дар студияҳои шахсии “Симо”, ”Манижа”, ”Сорбон” ва “Аҷам филм”ба ҳайси коргардон кор карда, зиёда аз 10 силсилафилм, ки ҳар кадоме на камтар аз 35-40 қисм иборат аст, тарҷума намудааст. 

Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович

Сулаймонов Муҳиддин Раҷабович 
Соли 2000 дар риштаи филологии ДМТ ҳуҷҷат супорида, ҳамзамон бо телевизиони Тоҷикистон ҳамкорӣ оuоз намудааст. Аз соли 2001 ӯро расман ба ҳайси муҳаррири хурд ба кор қабул намуданд ва баъдан ҳамчун муҳарриру ёвари коргардон ва коргардон фаъолият намудааст. 
Соли 2007 бо хоҳиши худ ба Муаcсисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон »гузашта, ба ҳайси мутахассиси пешбар, коргардони дараҷаи олӣ, муҳаррири варзида ва сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ фаъолият намудааст. 

Страницы