Ҳамоиш

Ҳамоиши «Созандагони Ватан» зери шиори «Ҳама- ба раъйпурсӣ!»

22 майи соли равон чорабинии муҳими давлатӣ раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Сокинони ноҳияи Панҷ нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгӯкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ҳамаҷониба омодагии худро барои раъйдиҳӣ изҳор медоранд.

Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе

Ҳамоиш дар мавзӯи «CASA-1000» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар кори ҳамоиш намояндагони чор кишвари иштироккунандаи Лоиҳаи «CASA-1000» — Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар сатҳи вазирон, ҳамчунин роҳбарони баландпояи шарикони лоиҳа — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндагони ҳукуматии Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ, ташкилоти Паймони неру ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд.