Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 22.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Президенти Федератсияи Русия дар иртибот ба даргузашти хоҳари Сарвари давлати мо изҳори тасаллии амиқ карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор намуданд.

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

19.07.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон, ки яке аз маросими дини мубини ислом ва иди суннатии мардуми мусулмони мо мебошад, самимона табрик мегӯям.

Маҳз ба шарофати истиқлоли давлатӣ шароити мусоид фароҳам омад, ки сокинони кишвари мо расму ойин ва ҷашну идҳои таърихӣ, миллӣ ва динии худро озодона истиқбол намоянд.

Иди саиди Қурбон бисёр унсурҳои неки инсондӯстона дорад, ки шахси мусулмон бо анҷом додани онҳо метавонад соҳиби аҷру савоби зиёд гардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 13.07.2021 /АМИТ «Ховар»/Бегоҳии рӯзи 13 июли соли равон суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш доир гардид.

Страницы