КМИР 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намудааст

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Аз ин шумора 10 нафар мушоҳиди байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, 74 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва 33 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 9 нафар аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Суханронӣ дар маросими рӯнамоии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Муҳтарам устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кувайт!
Ҳозирини гиромӣ!

Бароям мояи ифтихору сарфарозист, ки ҳамчун муаллиф дар маҳфили имрӯза ба ифтихори рӯнамоии китоби тозанашри «Тоҷикон дар оинаи таърих» ширкат дорам.

Нашри нави ин китоб ба забони арабӣ дар кишвари шумо нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.

Маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон

Маросими муаррифии нашри арабии “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ифтитоҳи намоишгоҳи Тоҷикистон

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар донишгоҳ устодону донишҷуён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.

Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявии Давлати Кувайт

Субҳи 16 майи соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ кард.

Страницы