Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки барои иштирок дар Конфронси “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, саноат, нақлиёт, маориф, илм ва фарҳангро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинони ноҳия дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» шинос шуданд.

Нахуст Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар аз замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов боздид намуданд

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуданд.

Страницы