Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи интенсивӣ, хати обрасонӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Сартуқайи деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар бунёди боғи интенсивӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинониданд ва ба ташаббускорон барои ин иқдоми шоиста комёбӣ орзу карданд.

Страницы