Пешвои миллат ба наздикони кушташудагон дар оромгоҳи Маскав изҳори ҳамдардӣ намуд

Ҷасади се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз тарафи гурӯҳҳои авбош дар натиҷаи муноқиша дар қабристони Хованскии шаҳри Маскав ба ҳалокат расидаанд, ба Ватан интиқол дода шуд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад, 18 май бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва идораву сохторҳои давлатии ҷумҳурӣ ҷасадҳои Ризоев Иноятулло Қаноатович, соли таваллудаш 1978, Хушаков Суҳроб, соли таваллудаш 1994, Собиров Сайнуриддин, соли таваллудаш 1974, сокинони шаҳри Роғун ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Варзишгарони тоҷик аз Ӯзбакистон бо 12 медал баргаштанд

Дар мусобиқа ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов, ки рӯзҳои 12-15 май дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон баргузор шуд, варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ гардиданд.

Дар сабқати навҷавонону духтарон гӯштингирони тоҷик 3 медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Паҳлавонони тоҷик Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни то 90 кило, Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медалҳои нуқра гардиданд.

Конфронс: «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ»

Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конфронс ба 90-солагии таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз куҳантарин осорхонаҳои кишвар маҳсуб мешавад, бахшида шудааст.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимону муаррихон дар мавзӯъҳои «Осорхона — оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон», «Васиқае аз мазори Шайх Муслиҳиддин», «Тадқиқоти археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа», «Осорхона ва осорхонашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд.

КМИР 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намудааст

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Аз ин шумора 10 нафар мушоҳиди байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, 74 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва 33 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 9 нафар аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Страницы