«Манчестер Юнайтед» ғолиби Ҷоми Англия гардид

Дастаи  футболи«Манчестер Юнайтед» баъд аз мушкилию нокомиҳои тӯлонӣ дар мусобиқоти Примйер Лигаи Англия, билохира табъи сармураббии ҳолландии худ Луи Ван Гал ва кулли мухлисонашонро шод намуд. Дар бозии ниҳоии Ҷоми Англия тимҳои футболи «Манчестер Юнайтед» ва «Кристалл Пелас» хеле ҷолибу ҷозиб бо ҳам неру озмуданд ва дар ниҳоят ҷоизаи асосӣ насиби дастаи «Манчестер Юнайтед» гардид.

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти сӯҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.

«Сомон Эйр» соҳиби сертификати IOSA шуд

«Сомон Эйр» миёни дигар ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз аудити амалии бехатарии парвозҳои IATA (IOSA) (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) гузашта, сертификати IOSA соҳиб шуд.

Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба талаботҳои байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид

Рӯзҳои наздик ҳавошиносон борони шиддатнокро пешбинӣ менамоянд

 23-24 май   ҳавошиносон  эҳтимоли  боридани борони кӯтоҳмуддат,  дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан салқин шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия

22 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки натиҷаҳои пешакии он имрӯз эълон гардид.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳандагон, ки 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафарро ташкил медиҳад, дар  ҷараёни раъйпурсӣ 4 миллиону 38 ҳазору 183 нафар раъйдиҳандагон ё худ 92% иштирок намуданд. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллиону 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки ин рақам 94,5%-ро ташкил медиҳад. 3,3% раъйдиҳандагон ба муқобили ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия овоз додаанд.

Страницы