Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд
Submitted by sinamo on
ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» шинос шуда, дарахт шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки ба корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим 10 июли соли 2020 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғоз бахшида буданд.