Сарвари давлат ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оғоз бахшиданд

ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 29 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар идомаи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.

Бинои мазкур дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ бо тарҳи муосир ва бо назардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин”, дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар як хонадони кишвар осоишу тандурустӣ, файзу баракат, бахту саодат ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Страницы