Ғалабаи навбатии “Истиқлол”

Ғалабаи навбатии “Истиқлол”

Дар бозии марказии даври панҷуми Чемпионати мамлакат  “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафи мусобиқот ва чемпиони се соли охири Тоҷикистон-  “Истиқлол” –и Душанберо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд қабул кард. Ба “Истиқлол” муяссар гардид, ки дар нимаи дуввуми рақобат тавассути голҳои задаи Петро Ковалчук( 67) ва Аҳтам Назаров(83) бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, соҳиби се имтиёз гардад.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР

аз 5 майи соли 2016 №214

ш. Душанбе

Дар бораи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Муминзод А.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муминзод Абдулмаҷид Мубин муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар «Кохи Борбад»

Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои ватанӣ дар «Кохи Борбад»

Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулот ва хизматгузориҳои ширкатҳои ватанӣ ҷараён дорад.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова қайд кард, ки ҳадаф аз барузории ин чорабинӣ - мусоидат ба истеҳсолкунандагони кишвар дар дарёфти мақоми худ дар бозорҳои дохиливу беруна ва беҳбуди сатҳи муаррифӣ ва шиноспазирии молу маҳсулоти тамға (бренд)-и ватанӣ аст.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский фаъолияташро дар «Кохи Тоҷикистон» идома медиҳад

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский фаъолияташро дар «Кохи Тоҷикистон» идома медиҳад

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 
Дар маҷлиси ҳукумат нахуст лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи мамлакат мақул дониста шуда барои баррасӣ ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. 

Страницы