Гузоштани санги асоси мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар ноҳияи Ёвон
Submitted by sinamo on
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳраки Ёвон ба сохтмони як Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 ҷойи нишаст дар як баст санги асос гузошт. Бо дастур ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин муассисаи таълимӣ соҳибкори ватандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов, ки саҳмдори Корхонаи истеҳсоли сементи “Чжунгтсай Моҳир Семент” мебошад, иқдом гирифтааст.