Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд

ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад.

Истиқлолу озодӣ бузургтарин неъмат ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба ҳисоб меравад.

Маҳз ба шарофати истиқлол дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, ба мардуми Тоҷикистон имконияти нодири таърихии бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои кишвар, халқи он ва эҷоди аркони давлатдории муосирро муҳайё намуд.

Президенти мамлакат зикр намуданд, ки чун анъана дар арафаи ҳар ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои минбаъдаро муайяну мушаххас месозем.

Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди содирот, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш ва идома додани татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки дар амалӣ гардидани корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки шумо- дар ин толор нишастагон арзанда мебошад. Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат заҳмати софдилона, хизмати содиқона ва фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба таври шоиста қадрдонӣ мекунанд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз 120 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф дараҷаи I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 қадрдонӣ шуданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 нафар бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи II, 29 нафар бо медали Хизмати шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 гардиданд.

18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шаванд.

Бори аввал тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 15 нафар омӯзгорони беҳтарин соҳиби ҷоиза гардиданд.

Ҳамин тавр, аввалин шуда, бо ин мукофоти давлатӣ омӯзгори фанни химияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ Абдолбеков Алидод сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин омӯзгори фанни технологияи иттилоотии литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимӣ Ачилов Ҳусейн, профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Бандаев Сироҷиддин, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Бобоҷонов Ҷӯрабой, омӯзгори фанни химияи литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек, профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимова Мубаширахон, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Рӯзиева Фароғат, омӯзгори фанни химияи литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собиров Ҳушанг, омӯзгори фанни химияи литсейи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Бохтар Тошов Қобил, мудири кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетикаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Холбегов Мирзоҳамдам, мудири кафедраи барномарезӣ ва низоми иттилоотии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Худойбердиев Хуршед, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ноҳияи Роштқалъа Ҷонмирзоев Эраҷ, мудири кафедраи низом ва шабакаҳои энергетикии Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Шарипов Нурмуҳаммад, омӯзгори фанни математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифов Асадулло, муовини директор оид ба инноватсия ва технологияҳои нави таълимотии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Шоев Алмосшо барандагони ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд.