ДАЪВАТИ БАҲОРӢ-2022. Касонеро, ки аз хизмати аскарӣ саркашӣ мекунанд, чӣ интизор аст: посухи ҳуқуқшинос

Дар Тоҷикистон ҷавононеро, ки қасдан намехоҳанд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хидмат кунанд, ҷаримаи ҳангуфт ва ҳамчунин маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик Беҳрӯз Султонов ба торнамои JOM хабар додааст.

Манбаъ аз қавли ҳуқуқшинос менависад, вақте ҷавони синни хидмат бо вуҷуди дастрас кардани даъватнома қасдан аз пайваст шудан ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар саркашӣ мекунад, ӯро ҷарима ба андозаи 500-1000 нишондиҳанда, ки ин аз 32 то 64 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, интизор аст.

Илова бар ин Султонов зикр намудааст, ки эҳтимоли маҳрум шудани ҷавони саркаш аз сарбозӣ аз озодӣ ба муҳлати ду сол вуҷуд дорад.

Зимнан Султонов ба хидмати пулакӣ низ таъкид намуда, зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон маблағи химати пулакӣ ба 26 880 сомонӣ баробар аст.

«Шахсе, ки мехоҳад аз хизмати ҳарбии алтернативӣ истифода кунад, бояд ба комиссариати ҳарбии маҳалли зисти худ дар асоси ариза мурҷиат кунад ва маблағи мазкурро ба суратҳисоби муайянгардида пардохт намуда, расидро дар муддати 5 шабонарӯз бояд ба комиссарити ҳарбӣ супорад», — тавзеҳ додааст Беҳрӯз Султонов.

Маврид ба зикр аст, ки 1 апрел дар саросари Тоҷикистон раванди даъвату гусели шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз ёфта, он ду моҳ давом мекунад.

Тавре қаблан дар Вазорати мудофиаи ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат тақрибан 70 фоизро ташкил намуд. То ин замон 25 шаҳру ноҳияҳои мамлакат иҷрои нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расониданд.

«Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рўзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин аллакай чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рўзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад. Дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат чаҳор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд», — тазаккур доданд дар Вазорати мудофиа.

Миёни дигар минтақаҳои кишвар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ айни ҳол пешсаф буда, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват нақшаи пешбинишударо давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 70 % иҷро намуданд. Дар ин муддат аллакай ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикободу Лахш аз анҷоми даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд.

Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳанўз дар рўзҳои нахустин ва давоми як моҳи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ноҳияҳои Н.Хусрав, Ш.Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят қариб ба 70 фоиз баробар намуданд.

Маросими бошукӯҳи идона дар самти гусели муҳофизони ояндаи Ватан давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 55 фоизро ташкил дода, масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои Бўстону Шаҳристон ва Кўҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.

Давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва дорои маълумоти олӣ баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.

Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар — Ватанро адо намоянд.