Ҳисоботи директории Муассисаи давлатиии телевизиони «Синамо» Набизода Набӣ Алигавҳар дар семоҳаи аввали соли 2016

Ҳисоботи директории Муассисаи давлатиии телевизиони «Синамо» Набизода Набӣ Алигавҳар дар семоҳаи аввали соли 2016
Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфта, давоми бештар аз як моҳи пахши барномаҳои худ собит намуд, ки таъсиси ин шабака иқдоми саривақтӣ мебошад. Гуфтан мехоҳам, ки мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбарияти Кумита, махсусан раиси муҳтарамро эҳсос мекунем ва пеш аз ҳама аз номи худ ва тамоми кормандони муассиса самимона миннатдорӣ баён менамоям. 
Мусаллам аст, ки фаъолияти телевизиони «Синамо» пеш аз ҳама дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Оинномаи муассиса, Низомномаи Шӯрои бадеӣ, қисми бештари дастурамалҳои корӣ ва дигар санадҳои зарурии Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» тасдиқ гардид. 
Дар асоси талаботҳои қонунгузории меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Иттифоқи касабаи кормандони муассиса таъсис ёфта, ҳайати он интихоб карда шуд ва дар муассисаи мо Шӯрои бонувон низ фаъолият дорад. Қариб даҳ филмнома ба муассиса ворид шудааст, ки дар баррасию муҳокимаи Шӯрои бадеӣ қарор доранд ва бо дарёфти сарпарастон банаворгирии онҳо низ шуруъ хоҳад шуд. 
Тақрибан ҳазор номгӯй филмҳои гуногунжанр ҷамъоварӣ гардида, феҳристи онҳо тартиб дода, гурӯҳбандӣ шудааст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти муассисаи мо ба забони тоҷикӣ баргардонидани беҳтарин филмҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Айни замон дубляжи се филми бисёрсериягӣ давом дорад ва аллакай 80 қисми ин силсилафилмҳо пурра дубляж карда шудааст. Ҳамчунин дубляжи филмҳои ҳунарӣ ва мустанад низ дар маркази таваҷҷуҳи кормандони муассиса қарор дошта, дар ин самт низ корҳо рафта истодаанд. Дубляжи се филми ҳунарӣ пурра ба охир расида, ду филми дигар тарҷума шудааст. 
Ҷадвали пахши барномаҳои телевизиони «Синамо» тартиб дода шуда, барномаҳои мо дар асоси он пахш мегарданд. Маълум аст, ки яке аз вазифаҳои оинномавии телевизиони мо истеҳсол ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар сеткаи пахши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст. Вале бовуҷуди ин, мо рубрикаҳои гуногун омода карда истодаем, ки ҳамчун гузариш дар байни филмҳо пахш мешаванд. Ҳамчунин якчанд лоиҳаҳои мукаммали телевизионӣ ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодаанд. «Синамои тоҷик», «Пештози ҳунар», «Ахтарони ҳунар», «Ситораҳои синамо», «Кишвари ман», «1001 андеша», «Дурахши ҳунар», «Тақвими Синамо», «Сазовор» ва «Панҷгонаи беҳтарин» аз ҷумлаи онҳоянд. 
Барномаи хабарию таҳлилии «Иттилоъ» дар як шабонарӯз чор маротиба бо пешниҳоди муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсию иҷтимоӣ пахш мегардад. Аз ҷумла, ба пешвози Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён, ҳамчунин иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои ДИПҶТ №26-10/4, Нақшаи Кумита аз 15.02.2015 дар МД телевизиони «Синамо» нақшаи дохилимуассисавӣ таҳия карда шуд ва дар асоси он корҳои муайян анҷом дода шуд. Аз ҷумла, оид ба таърих ва аҳамияти Наврӯз, нақши Тоҷикистон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани он филми мустанад бо забони англисӣ омода гардида, анъанаҳои наврӯзӣ тавассути лавҳаю клипҳо нишон дода шуданд. 
Барномаҳои идонаи «Суруши баҳор» дар ҳаҷми 3 соату 20 дақиқа ва «Ганҷи Ганҷина» дар ҳаҷми 1 соат пешниҳоди бинандагон карда шуд. Ҳамчунин тамоми чорабиниҳое, ки дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ, мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён дар пойтахти мамлакат доир гардиданд, дар барномаи хабарию таҳлилии «Иттилоъ» ба таври васеъ инъикос гардида, чорабиниҳои наврӯзи аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ, Ҳисор, Панҷ, Турсунзода, Ваҳдат, Варзоб, Сангвор ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар гузоришҳои иттилотӣ ва барномаҳои алоҳида инъикос карда шуданд. 
Дар рӯзҳои ҷашн таассурот ва назари коршиносону меҳмонони Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, тавассути телевизиони «Синамо» пешниҳод гардид. Видеороликҳои тарғиботӣ бо иқтибос аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърих ва аҳамияти Наврӯз, нақши Тоҷикистон дар мақоми байналмилалӣ гирифтани он ва саҳми аҳли зиё дар пешрафти ҷомеа омода ва пахш карда шуданд. 
Дар доираи Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯзи байналмилалӣ маҳфили «Ширу шакари»-и шоирон Бозор Собир, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло ва дигар адибони маъруф тавассути барномаҳои иттилоотӣ инъикос карда шуд. Албатта ҳамаи ин корҳои анҷомшуда, моро қонеъ намегардонад ва кӯшиш дорем, ки боз ҳам беҳтар фаъолият намоем. 
Мусаллам аст, ки телевизиони «Синамо» муассисаи навтаъсис буда, ҳануз мушкилиҳо дорад. Барои фаъолияти пурсамари мо ҳануз дастгоҳҳои танзим, камера, таҷҳизоти техникии студияҳо, воситаҳои нақлиёт, компютерҳои офисӣ, мизу курсӣ, ҷевон ва дигар маводи конселярӣ кофӣ нест. Бо вуҷуди ин, мо кӯшиш менамоем, ки рӯз то рӯз корро беҳтар ба роҳ монем. 
Бовар дорем, ки ҳамаи ин мушкилиҳо бо дастгирии роҳбарият ва саъю кушиши кормандони муассиса бартараф хоҳанд шуд.