МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Солимии меъдаю рӯда ба дарозумрии инсон мусоидат мекунад

Солимии меъдаю рӯда ба дарозумрии инсон мусоидат мекунад. Зеро ин узв ба мо дар мубориза бо микробҳои сершумори беморие, ки ҳар рӯз ба организми мо ворид мешаванд, кумак мерасонад. Агар хоҳед, ки ба бемории дарунравии шадиди меъдаю рӯда гирифтор нашавед, барои пешгирии беобшавии ҷисм оби зиёд нӯшед,  аз истеъмоли хӯрокҳои зудвайроншаванда, муҳлатшон гузашта ва шабмонда худдорӣ намоед. Чунин маслиҳат медиҳад духтури Маркази саломатии шаҳрии 2-и  шаҳри Душанбе Муқаддас Мадаминова ба сокинони мамлакат. Бо фарорасии фасли тобистон бемориҳои сироятӣ, ба мисли бемориҳои дарунравӣ ва домана авҷ мегиранд. Табибон ин фаслро фасли бемориҳои дарунравии шадиди меъдаю рӯда меноманд, зеро  дар тобистон ин бемориҳо  зиёдтар авҷ мегиранд.  Ин  беморӣ бештар миёни кӯдакони аз 1 то 5-сола  ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфти Муқаддас Мадаминова, «сабаби гирифтор шудан ба бемориҳои дарунравӣ- ин бактерияҳои чӯбчамикробҳои зараровар, стафилакокҳо, стрептококҳо, диплакокҳои дар атрофи он буда ба организми инсон  ворид шуда, зарар мерасонанд ва шахсро ба бемориҳои шадиди меъдаю рӯда  мубтало мекунанд».

Аломатҳои ин беморӣ- дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез мебошад.  Инчунин фишори хун паст шуда, набз тез- тез мезанад, даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад.

«Агар ин аломатҳо дар ҳар инсон мушоҳида шаванд, дарҳол бояд доруи регидрон истифода намуд, то оби баданро барқарор намояд», гуфт мавсуф.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, «бояд ҳар оила доруи регидрон дошта бошад, зеро ин дору аз ҷониби табиби оилавӣ ройгон тақсим мегардад. Тарзи истеъмоли он чунин аст: дар як литр оби ҷӯшонида як қуттии ин доруро илова карда, даҳ дақиқа нигоҳ дошта, сипас нӯшед. Ба кӯдакони ду-сесола дар ҳар даҳ-понздаҳ дақиқа аз он як қошуқи ошхӯрӣ додан зарур аст. Калонсолон бояд дар як шабонарӯз ду литр оби ин доруро нӯшанд».

Агар дар хона ин дору дастрас набошад, пас чӣ бояд кард? Муқаддас Мадаминова  чунин посух дод: «Дар ҳолати набудани доруи регидрон мо дар хона бояд онро худамон омода намоем. Яъне дар як литр оби ҷӯшонида чор қошуқ шакар, як қошуқ намак ва як қошук сода илова намуда, баъди даҳ дақиқа нӯшидан мумкин аст». Ба тавсияи табибон, агар аломатҳои ин беморӣ аз ду рӯз зиёд идома ёбанд, ҳатман ба  табибон бояд муроҷиат намуд. Сабаби дарунравии кӯдаконро ба истеъмоли ғизои нодуруст  рабт медиҳанд. Зеро бештари модарон ба ҷои шири модар ба кӯдак хӯрокҳои серғизо ва сахт медиҳанд, ки ин ба бемории дарунравӣ меоварад, чунки кӯдакон барои ҳазм кардани ин гуна ғизо ҳанӯз тайёр нестанд. «Як омили пешгирии ин беморӣ- тозагии худ ва атрофи ҷои истиқомат мебошад. Дастонро пайваста бо собун шустан зарур аст. Аз оби ҷӯшонида истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва партовҳоро аз назди ҷӯйбор дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода баред, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ кунед. Ҳар шахс мувофиқи талаботи Маркази санитарию эпидемиологӣ бояд дар 6 моҳ як бор аз муоинаи тиббӣ гузарад», маслиҳат медиҳад табиб Муқаддас Мадаминова.