“Тоҷикфилм”. Фатҳи қуллаҳои нав тақозои замон аст

Кино ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мамлакат ба ҳисоб меравад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат зимни баромадҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки синамонигорони тоҷик бобати тарбияи ҷомеа дар руҳияи созандагӣ  ва нигоҳи нек ба ояндаи дурахшон бояд муаррифгари  кишвар бошанд.

Синамогарони давоми фаъолияти назарраси худ дар як қатор синамоҷашнҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии “Бачаи обӣ”- и коргардон Файзулло Файз дар ҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шветсия ҷоизаи махсуси ҳакамонро сазовор шуд. Филми бадеии кӯтоҳи “Насиб” дар синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии шаҳри Қазони Федератсияи Россия, синамоҷашнвораи байналмилалии Байконури Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуд ва дар Озмуни байналмилалии форуми нуҳуми филмҳои ҷавонони кишварҳои ИДМ “Умут”, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи махсус гардид. Ҳамзамон, филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», ки аз рӯйи асари нависандаи шинохта Аброр Зоҳир рӯйи навор омадааст, дар барномаи озмуни асосии филмҳои пурраи ҳунарии ХХХ – юмин Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» ширкат намуд. 

Соли гузашта ҳамкориҳои МД “Тоҷикфилм” бо синамогарони кишварҳои хориҷӣ густариш ёфт. Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ доир шуд, ки аз ҷониби  роҳбарияти олии кишварҳои дӯсту ҳамҷавор Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сазовори баҳои баланд гардид. 

Дар  доираи  баргузории  Рӯзҳои кинои Ӯзбе-кистон дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои синамогарон Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Дар ин замина филмҳои ҳунарӣ ва мустанади “Тоҷикфилм”, аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб», «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимёгаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторӣ, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади «Ваҳдати миллӣ»-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарғона ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин давра пешниҳоди президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳияи филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар ин самт аз ҳар ду ҷониб гурӯҳҳои корӣ  таъсис дода шуда, таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди омӯзиш қарор гирифт. Айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, филми ҳунарии “Ситораи ноаён” - и коргардон Муҳаббат Сатторӣ мавриди коркард ва таҳия қарор доранд.