Маҳфили китобхонӣ дар «Тоҷикфилм»

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» маҳфили китобхонӣ баргузор гардид. Дар маҳфил кормандони масъул ва сардорони шуъбаҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ширкат намуда, китоби безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» мавриди мутолиа ва мубоҳиса қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки асари беназири «Тоҷикон», ки бо ибтикори Пешвои миллат бознашр шуда, барои ҳар як оилаи тоҷик ҳамчун ҳадя тақдим гардид, барои худшиносию худогоҳӣ ва донистану аз худ кардани таърихи бою рангини миллати куҳанбунёди тоҷик басо саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ мегардад.

Китоби «Тоҷикон» бояд асари рӯйи мизии ҳар як фарди бонангу номус бошад ва мавриди омӯзишу мутолиа қарор дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки маҳфили китобхонӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»  аз ҳамин рӯз оғоз гардида, минбаъд ҳар ҳафта бо ҷалби бештари кормандон идома хоҳад ёфт.