Мутахассисони соҳаи тибби Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербурги Русия табодули таҷриба менамоянд

Мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Русия аз якчанд муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе дидан менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

23 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Олег Эргашев, ки бо ҳайати гурӯҳаш бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуда, аз ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Ноиби губернатори шаҳри  Санкт-Петербург Олег Эргашев зикр кард, ки ӯ ва кормандони муассисаҳои тандурустии  шаҳри мазкур ба Тоҷикистон омадаанд, то бо ҳамтоёни тоҷикашон доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, хосатан пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат табодули таҷриба намоянд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории вазорат бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мубодилаи афкор намуданд.