Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия — роҳ ба сӯи пешрафт

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия — роҳ ба сӯи пешрафт
Бо мақсади фаҳмонидани моҳият ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии устодону омӯзгорон бо раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Турсунова доир гардид. 
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки замона тақозо дорад, то меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шуда, ҷавобгӯ ба талаботи замон бошанд. Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони амнияти ҳамкории Аврупо буда, вазифадор аст, меъёрҳои қонунгузории хешро ба талаботи ин созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд. 
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар танҳо таклифу пешниҳоди вакилони мардумӣ нест, балки он бо хоҳиши сокинони кишвар рӯи кор меояд. 
Ва мутобиқи он минбаъд дар мамлакатамон амал кардани ҳизбҳои сиёсии характери динӣ ва миллӣ дошта манъ карда мешавад. Зарурати дигари ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ- ин бо ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни асосӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. 
Бештари тағйиру иловаҳо хусусияти таҳрири забонӣ доранд, зеро бо назардошти рушди забони давлатӣ ва қоидаи имлои забони тоҷикӣ бояд баъзе истилоҳу ибораҳо иваз ва мукаммал карда шаванд.