Ғалабаи навбатии “Истиқлол”

Ғалабаи навбатии “Истиқлол”

Дар бозии марказии даври панҷуми Чемпионати мамлакат  “Хуҷанд”-и Хуҷанд пешсафи мусобиқот ва чемпиони се соли охири Тоҷикистон-  “Истиқлол” –и Душанберо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Хуҷанд қабул кард. Ба “Истиқлол” муяссар гардид, ки дар нимаи дуввуми рақобат тавассути голҳои задаи Петро Ковалчук( 67) ва Аҳтам Назаров(83) бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, соҳиби се имтиёз гардад.

Баъди ин пирӯзӣ “Истиқлол” бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.  “Хуҷанд” бо 9 хол дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст ва мавқеаш то анҷоми даври 5 ноустувор аст. Агар дар ин давр 7 май “Хайр” бар “Регар ТадАЗ” ва ё “Ҳосилот” бар “Парвоз” ғолиб оянд, он гоҳ «Хуҷанд»ду зина поён мефарояд.

Дар даври панҷум 8  май “Барқчӣ” бо КМВА “Помир”ва “Равшан” бо “Вахш” вориди майдон мешаванд.