Ҳамоиши «Созандагони Ватан» зери шиори «Ҳама- ба раъйпурсӣ!»

Ҳамоиши «Созандагони Ватан» зери шиори «Ҳама- ба раъйпурсӣ!»

22 майи соли равон чорабинии муҳими давлатӣ раъйпурсӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Сокинони ноҳияи Панҷ нисбат ба ин маъракаи сиёсӣ, ки бозгӯкунандаи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат мебошад, бетараф набуда, ҳамаҷониба омодагии худро барои раъйдиҳӣ изҳор медоранд.
Баҳри боз ҳам возеҳтар ва аз наздик ба раъйдиҳандагон расонидани мақсаду мароми ин маъракаи муҳими сиёсӣ 12 майи соли равон бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ ҳамоиш зери шиори «Ҳама- ба райъпурсӣ!» баргузор шуд.
Баъди роҳпаймоӣ дар маркази шаҳрак гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонон бо варақаҳои даъватӣ оид ба раъйпурсӣ дохили марказҳои савдо, бозорҳо, мағозаҳо ва ташкилоту муассисаҳо гардида, раъйдиҳандагонро ба иштироки фаъолона дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ даъват намуданд.
Роҳпаймоии ҷавонон дар ноҳияи Панҷ дар сатҳи баланди сиёсию маърифатӣ доир гардид.