Мулоқот бо муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ

Мулоқот бо муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ

Дар шаҳри Ал-Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот изҳор дошт, ки робитаҳои сиёсӣ байни ду давлат дар айни замон нек ва судманд ба роҳ монда шуда, Тоҷикистону Кувайт дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ҷомеаи Давлатҳои Араб ва Муколамаи ҳамкории Осиё муносибатҳои сатҳи баланд доранд.

Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон нақшу ҷойгоҳи Давлати Кувайтро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд арзёбӣ намуда, онро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар олами кишварҳои Араб медонад.

Доир ба иштироки ҷониби Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, бунёди хаттҳои интиқоли нерӯи барқ ва дигар лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва беҳтаргардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ҳарду ҷониб таклифу пешниҳодоти судманд ба миён гузоштанд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамзамон оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, амнияту суботи минтақавӣ, хусусан ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонистон, эҳёи сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ин кишвари минтақа табодули афкор намуданд.