Мулоқот бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Мулоқот бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэргетикӣ, нақлиёту комуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Ҳамчунин дар мулоқот масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ , содироту меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо назардошти имконоти бузург ва таҷрибаи беҳамтои Давлати Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ хоҳанд гашт.