Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Мусоҳиба бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори туризм, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 - солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзуъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт - ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.

Мавриди зикр аст, ки ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки 15 май оғоз ёфт, дар васоити ахбори оммаи ин кишвари арабӣ, бахусус тавассути телевизион ва радио ба таври васеъ инъикос мегардад.