Сафаров Комрон Исмоилович

Сафаров Комрон Исмоилович

20 – уми январи соли 1978 таваллуд шуда, соли 2000-ум факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро бо ихтисоси журналист – тарҷумон хатм намудааст. Аз соли 2000 то 2002 дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар вазифаи тарҷумон кор карда, моҳи сентябри соли 2002 тавассути озмун дар идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир ба кор қабул гардид. 
Аз соли 2006 дар вазифаҳои муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ, сармуҳаррири идораи мазкур,муовини директори Шабакаи якум ва котиби масъули маъмурияти Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи ноябри соли 2015 дар вазифаи муовини аввали директори Шабакаи якум фаъолият карда, аз 25-уми ҳамин моҳ то имрӯз муовини якуми директории Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» мебошад. Сафаров Комрон муаллифи барномаҳои телевизионии «Парламент», «Файзи Истиқлол», «Рукни чорум», «Маърифати ҳуқуқӣ» ва «Меҳвари иттилоот» буда, ҳамзаон беш аз 60 филми ҳуҷҷатии телевизионӣ таҳия намудааст, ки дар хазинаи Шабакаи якум маҳфузанд. Аз он ҷумла, «Истиқбол аз Истиқлол», (18 қисм), «Як рӯзи Сангтӯда». «Эъҷози нурофарӣ», «Қавлу амал», (қисми 1), «Ҷодаи қисмат», (19 қисм), «Истиқлолият ва эҳёи Тоҷикистон», «Наҷотбахши миллат», «Тоҷикистон ва истиқлолияти давлатӣ» (солнома 1993), «Эмомалӣ Раҳмон ва амнияти озуқаворӣ», «Аз Паём то Паём» (солҳои 2008, 2009, 2010, 2011, 2012, 2013), «Дастоварди сол», (2008, 23009, 2010, 2011, 2012), «Хуршеди Ваҳдат», «Тоҷикистони воҳид», «Об манбаи ҳаёт», «Тоҷикистон ва рушди парламентаризм», «Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай» ва ду қисм «Сабақи таърих». 
Сафаров Комрон санаи 16-уми августи соли 2013 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуда, инчунин дорои нишони «Аълочии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишони «Аълочии матбуот», «Ифтихорнома»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рузноманигорӣ, санъат ва меъморӣ мебошад. 
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.