Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ

Бахшида ба 25 -солагии истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт  рисолаи нави илмӣ- сиёсии мушовири   калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои робитаҳои  хориҷӣ,  номзади илмҳои фалсафа  Зафар Сайизода таҳти унвони  «Фаъолияти байналмилалии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон  ба арсаи сиёсати  ҷаҳонӣ» аз чоп баромад.
Дар ин китоб аз пешрафтҳои  беназири миллати тоҷик дар даврони навин дар мисоли бахши   муҳимтарини ҳаёти  сиёсии ватани азизамон -сиёсати хориҷӣ, ки  ба шарофати фаъолияти   назариявию амалии боазамату арҷманди  Асосгузори   сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккулу тавсеа ёфтааст, сухан меравад.
Рисола аз панҷ фасл иборат аст, ки ба ҷойгоҳи Тоҷикистон дар низоми ҷаҳони муосир, нақши Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон дар бунёдгузории  сиёсати хориҷии  давлат, усулҳо ва вазифаҳои он  ва ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи  кишвар дар арсаи  байналмилалӣ  рӯшанӣ меандозад
Китоби мазкур 25 майи соли равон дар ҷаласаи   Шӯрои диссертатсионӣ  дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ҳангоми маросими  дифои рисолаи  доктории Зафар Сайизода оид ба таърихи  муносибатҳои  байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ  рӯнамоӣ гардид.