Ифтитоҳи корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Навобод” марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Қобили тазаккур аст, ки санги асоси корхонаи мазкур ҳанӯз соли 2013 аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми анҷом додани сафари корӣ ба ин ноҳия гузошта шуда буд.

Бинои корхона дар асоси лоиҳае, ки аз тарафи ҶДММ «Архиком» -и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст, сохта шудааст. Корхонаи коркарди меваю сабзавот, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Чиллахон Тоҳиров бо маблағи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии корхона афзун гардида, дар он дар як сол имкони истеҳсолӣ то 300 тонна маҳсулоти тайёр мавҷуд аст. Ба воситаи технологияи муосире, ки дар ин коргоҳ насб шудааст, аз меваю сабзавот метавон ҳамагуна нӯшокиҳои ташнашикан омода намуд. Айни ҳол дар ин корхона истеҳсоли 5 навъи шарбати мевагии табиӣ бе омехтаи ҳар гуна маводи кимиёӣ аз шафтолу, зардолу, себ, олуча ва анор ба роҳ монда шуда, зери тамғаи «Сомон» ба харидорон пешкаш гардонда мешавад. Маҳсулот барои коркард дар ин корхона тибқи шартнома аз хоҷагиҳои ноҳия дастрас мегардад. Оғози фаъолияти корхонаи мазкур барои 30 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимиро фароҳам овард.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо фаъолияти коргоҳи дуюми корхонаи коркарди меваю сабзавот аз наздик шинос шуд. Дар ин коргоҳ асосан бо истифода аз технологияи ҳозиразамон хушкондани меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи мазкур дар як рӯз хушкондани то 20 тонна меваю сабзавот имконпазир аст. Маҳсулоти истеҳсолшудаи ин корхона сифати баланд дошта, асосан барои содирот пешбинӣ шудааст. Масъулони корхона нақша доранд, ки дар оянда корхонаи коркарди маҳсулоти шириро низ таъсис диҳанд.

Сарвари давлат ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба масъулон дастур доданд, ки ҳангоми омода намудани навъҳои гуногуни маҳсулот аз меваю сабзавот, ба сифати он аҳамияти зарурӣ дода, маҳсулоти бозоргир ва қобили содиротро истеҳсол намоянд.