Насиба Бозорова

Бозорова Насиба Рустамовна

28 ноябри соли 1984 дар нохияи Хисор дар оилаи коргар таваллуд шуда соли 2000 мактаби миенаи №4-и нохияи Хисор-ро хатм карда, сипас ба омузишгохи тиббии н. Хисор дохил шуда бо дипломи сурх хатм намудааст. Баъдан ба факултаи Менечменти Донишкадаи давлатии Иктисодии ш. Душанбе дохил шуда ончоро бо мувафакият хатм кардааст. Аз рузи таъсисёбии Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" дар шуъбаи барномасозӣ ба ҳайси барномасоз фаъолятро оғоз кардааcт.

 

Ҳамзамон ба ҷуз аз барномасозӣ муаллифӣ ва барандагии барномаи субгоҳии "Файзи сахар"-ро бар уҳда дошт. Шуруъ аз соли 2014 ба сифати муовини сардабири идораи "Эҷод"-и телевизиони номбурда кор кардааст. Муаллифи барномаи "Хостахо", ки бо дархост ва пешниҳоди тамошогарон тахия мегашт. Хамзамон хар субхи шанбе дар барномаи субгохии "Сапедадам" бо хамрохии Фарухи Собирзод ва Зафар Саидов барандаги менамуд. Соли 2016 аз рузи таъсисёбии Муассисаи давлатии Телевизиони "Синамо" дар идораи филмҳои миллӣ ба хайси мухаррири варзида фаъолиятро огоз кард. Муаллифи барномаи "Ахтарони ҳунар", “Солнома”, ки ба таърихи синамои тоҷик бахшида шудааст мебошад. Дар баробари ин боз наттоқи барномаи хабарию тахлии идораи "Иттиллоъ" инчунин ва дар барномаи "Нурафкан" ҳаммуаллиф ва баранда мебошад. Аз соли 2017 инҷониб дар муассисаи мазкур мудири бахши ороишию басаҳнагузорӣ мебошад. Соҳиби ду фарзанд. Дорандаи унвони аълочии фарҳанги ҶТ, аълочии кумитаи телевизион ва радиои ҶТ ва аълочии матбуоти ҶТ ва ифтихорномаҳои Академияи ВАО, Кумитаи ҷавонон сайёҳи ва варзиш, Қушунҳои сарҳадиии ҶТ, Телевизиони Сафина ва ғайраҳо мебошад.