Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи банди 2 моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод оид ба бозхонд намудани Шарифзода Асрор Нор аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибки моддаи 57 қисми 1 пешниҳод оид ба бозхонд намудани Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо аз ҳайати Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан, ҳамчунин, пешниҳодҳо дар бораи интихоб намудани Шарифзода Асрор Нор ва Ҷамшедзода Ҷамшед Назаршо ба вазифаҳои судяи суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофика бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати фармондеҳии ҷузъу томҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии соҳибихтисос, дорои малакаву маҳорати хуби роҳбарии низомӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ таъин гардиданд.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •