Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид.

Марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям».