Шуъбаи филмҳои тасвирӣ


Шуъбаи филмҳои тасвирӣ муҳимтарин принсипҳои рушди фарҳанг,  хусусият,  анъана ва ҷанбаҳои  миллиро тавассути  филмҳои тасвирӣ  инъикос намуда, санъати синамо ва филмҳои тасвириро  ҳамчун соҳаи махсуси фарҳанг ва санъат эътироф менамояд ва  заминаи эҷодӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, техникӣ, маърифатӣ, илмӣ ва иттилоотиро дар ин самт  инкишоф медиҳад. Вазифаҳои асосии шуъба пеш аз ҳама дастрас намудани асарҳои аудиовизуалии шакли тасвирӣ  ба аҳолӣ, таъмини фазои озоди  эҷодӣ, мусоидат ба соҳибкорӣ дар самти таблиғи филмҳои тасвирии тоҷикӣ, ҷамъоварӣ, захира, коркард, нигоҳдории филмҳои тасвирии миллӣ дар шуъба ва додани маълумот оид ба филмҳои дар феҳристи бақайдгирии муассиса воридшуда. Шуъба фаъолияти худро ҳамчунин дар самти риояи меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ  дар фаъолияти намоишҳои телевизионӣ ва оммавии филмҳои тасвирӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо офарандагони асосии филмҳои тасвирии истеҳсоли  ватанӣ,  таблиғ ва рекламаи сабти филмҳои тасвирӣ амалӣ мегардонад. Аз чониби кормандони шуъба зиёда аз 10 барномаи таълимиву фароғатӣ таҳия ва пешниҳод мешаванд. Аз ҷумла
“Хираднома”
“Паҳлуҳои норушан”
“Синамои  тоҷик”
“Сӣ намо дар Синамо”
“Зери чатри синамо”
“Вожаномаи синамо”
“Руинтан”
“5+беҳтарин”
“Афсона дар синамо”

ва телевикторинаи “Закӣ” аз ҷониби аҳли эҷоди шуъба манзури бинандагон мегардад.