Иштирок дар раъйпурсӣ

Иштирок дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи раъйдиҳии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба баъзе моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъй дод.