Иҷлосия

29 май иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор мегардад

 Рӯзи якшанбе, 29 май дар Душанбе иҷлосияи якҷояи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт баргузор мегардад. Дар он масъалаи интихоби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.