Синамо

Ифтитоҳи муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори омма

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ якбора се иншооти муҳими Васоити Ахбори Омма - Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, Муассисаи давлатии телевизиони Синамо ва Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умумро ифтитоҳ намуд.

Сохтори эҷодӣ

Дар телевизиони «Синамо» чор шуъбаи эҷодӣ-шуъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ, шуъбаи филмҳои миллӣ, шуъбаи филмҳои тасвирӣ, шуъбаи филмҳои хориҷӣ ва дубляж таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои оинномавии телевизиони мо таҳия ва дубляжи филмҳои гуногунжанр аст ва дар сеткаи паши барномаҳо низ ба ин самти фаъолияти муассиса афзалият дода шудааст.

Мушаххасоти техникӣ

Тамошобинони гиромӣ, пахши барномаҳои телевизиони навтаъсиси «Синамо» формати рақамӣ буда, мушаххасоти техники он чуни наст:
Тавассути канали телевизионии 46:
Шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Панҷакент, Варзоб, Ҳисор, Рўдакӣ, Шаҳринав, Қурғонтеппа, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷиликул, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ.

Муассисаи давлатиии телевизиони «Синамо»

Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» бо ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таъсис ёфтааст. Фаъолияти телевизиони «Синамо» пеш аз ҳама дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда, қарорҳои Ҳукумат, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ