Гӯштин

Дар Душанбе мусобиқаи гӯштини тарзи юнону румӣ оғоз ёфт

11 май дар Душанбе миёни наврасон мусобиқаи байналмилалии варзишӣ аз рӯи намуди гӯштини тарзи юнонию румӣ оғоз гардид.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилаи ҶТ хабар медиҳад, мусобиқаи мазкур ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шуда, дар он варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат меварзанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ муовини вазири корҳои дохилӣ Абдулло Навҷувонов зикр кард, ки варзиш таҳкимбахши дӯстию рафоқат миёни халқҳо ва пеш аз ҳама, кафили саломатист.