Хуҷанд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз устод Лоиқ Шералӣ ёд карданд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  бахшида ба 75-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва алоқамандони  ашъори ин шоири шаҳир конфронси илмию адабӣ баргузор шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон  устод Лоиқ Шералӣ аз ҷумлаи суханварони маъруфи нимаи дуюми асри XX ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гиромидошти хотираи ин шоири шаҳир  корҳои зиёдеро ба субут расонидааст. Аз ҷумла, ҷашни 60 ва 70-солагии шоири зиндаёд дар сатҳи баланд таҷлил гардиданд. «Куллиёт»-и шоир ду маротиба дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ ва як маротиба дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хатти форсӣ нашр гардид.