КМИР 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намудааст

КМИР 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намудааст

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини шаффофият ва мушоҳидаи ошкорои давраи омодагӣ ва баргузории раъйпурсии умумихалқӣ беш аз 120 мушоҳиди байналмилалиро аккредитатсия намуда, ба онҳо шаҳодатномаи мушоҳиди байналмилалӣ супоридааст.
Аз ин шумора 10 нафар мушоҳиди байналмилалӣ аз Созмони ҳамкории Шанхай, 74 нафар аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва 33 намоянда аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 9 нафар аз корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон мебошанд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки ҷараёни баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқиро, ки 22 майи соли равон доир мегардад, қариб панҷ ҳазор нозирони миллӣ мушоҳида намоянд.